Айни замон ҳамаи роҳҳое, ки минтақаҳоро бо маркази Тоҷикистон мепайванданд, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бозанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Дар Кумита қайд карданд, ки хушбахтона, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои кӯҳистон ҳодисаҳои фавқулодаи нохуш ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш ва Душанбе Хоруғ то ҳол эҳтимоли хеле зиёди селфароӣ ва лағжиши кӯҳпораву сангреза боқӣ мемонад. Дар қитъаҳои гуногуни ин роҳҳо мушоҳидаи доимӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки сокинони чанде қабл ба макони бехавф кӯчонидашудаи ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор ба хонаҳояшон баргаштанд.

Дар филиали ширкати IRS ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки роҳи Душанбе-Хуҷанд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, лекин боришот идома дорад.

“Боришоти шиддатнок давом дорад. Дирӯз ва субҳи имрӯз дар баъзе қитъаҳои роҳ барф борид. Кормандони ширкат саривақт роҳро тоза намуда, лекин хавфи санреза то ҳол вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, аз ронандагон дархост мекунем, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд”, - иттилоъ дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Қобили зикр аст, ки роҳи Душанбе-Хуҷанд қариб муддати як шабон6арӯз – аз соати 20:00-и 24 апрел то соати 17:00-и 25 апрел бар асари лағжиши кӯҳпораву сангреза баста шуда буд. Дирӯз баъди бартараф кардани оқибатҳои офат ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.