Шаби 30 апрел кӯдакони занони тоҷик, ки ҳамсаронашон дар ҳайати гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” меҷангиданд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Ҳамагӣ 84 нафар кӯдакон ба Душанбе оварда шуданд. Доир ба баргардонидани боз 11 нафар кӯдакон гуфтушунидҳо идома доранд.

Синни кӯдакон аз 1,5 то 15-соларо ташкил медиҳад. Чанде аз кӯдакон дар ҳамон ҷо ба дунё омада, танҳо бо забони арабӣ гап мезананд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.