Парк аз ҳисоби ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ ва дигар заминистифодабарандагони ноҳияи Айнии вилояти Сугд ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи ташкили парк аввали моҳи май қабул шудааст.
Парк бо мақсади ҳифз, барқарорсозии комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва таърихӣ), рушди сайёҳии экологӣ, пешбурди корҳои илмӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ бунёд мегардад.
Қайд мешавад, ки маблағгузории Парки табиии миллии "Яғноб" аз ҳисоби даромади бадастовардашудаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва сармоягузории дохилию хориҷӣ сурат мегирад.
Ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба Парки табиии миллии "Яғноб" санадҳои дахлдорро таҳия ва барои тасдиқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Парк моликияти давлатӣ буда, дар ихтиёри муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ қарор мегирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.