Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамсари бевамонда ва фарзандони корманди муассисаи ислоҳии №3/2 дар Ваҳдат Абдуҷаббор Ҳалимовро, ки ҳангоми ошӯб дар ин муассиса ҳалок шуд, бо хонаи иҷора таъмин кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” худи Сайёра Саидова хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон семоҳа пули иҷораи хона пардохт шудааст. “Алҳол намедонем, ки минбаъд кӣ пули иҷораи хонаро медиҳад”, - мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин ба қавли ӯ, баъди муроҷиат ба “Азия-Плюс” ба онҳо кумаки молиявӣ низ расонида шудааст.

“Аз Вазорати маориф ва адлия ба аёдати мо омаданд”, - гуфт ӯ ва илова намуд, ки то ҳоло оилаашон ба сифати кумак наздики 25 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

“Абдуҷаббор орзу дошт, ки духтараш табиб ва писаронаш прокурору ҳуқуқшинос шаванд”, - мегӯяд зан, ки айни замон маҳз барои таъмини таҳсили онҳо пул ҷамъ мекунад.

Сайёра Саидова изҳор мекунад, ки пас аз ҳалок шудани шавҳараш кӯдаконаш низ бемор шуда, дар маркази тиббии “Истиқлол” 10 рӯз муолиҷа гирифтаанд.

Қаблан пас аз нашри мусоҳибаи навори видео бо Сайёра корбарони сомонаи “Азия-Плюс” дар шарҳҳояшон дархост намуда буданд, ки суратҳисоби бонкии ин оиларо нашр созем, то ки кумакпулӣ гузаронанд. Сайёра суратҳисоби бонкӣ кушодааст, то ки хайрхоҳон мувофиқи имкон ба ӯ ва фарзандонаш кумак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки ошӯбгарони муассисаи ислоҳии №3/2 дар Ваҳдат се корманди муассисаро куштанд. Миёни онҳо майори 36-сола Абдуҷаббор Ҳалимов низ ҳузур дошт, ки ҳамсару се фарзанд дошт.

Оила дар манзиле рӯ ба рӯи зиндон зиндагӣ мекард. Онҳо панҷ сол пеш аз Душанбе, ки Ҳалимов дар он ҷо дар як қисми ҳарбӣ хизмат мекард, ба ин ҷо кӯчидаанд. Дар Душанбе барои хонаи иҷора пулашон намерасид ва онро дар Ваҳдат бо нархи 400 сомонӣ дар як моҳ гирифтаанд. Баъдан хизматчии ҳарбиро ба кори наздиктар ба хонааш - муассисаи ислоҳии Ваҳдат гузаронидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.