Дар “Душанбе Молл” намоишгоҳи суратҳо ба кор шурӯъ намуд, ки аз зиндагии собиқ маҳбусон маълумот медиҳад. Дар он 14 сурат (портрет) ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳамаи қаҳрамонони он ҳаёти зиндонро паси сар кардаанд, бемориҳои гуногун (гепатит, сил ВНМО) доранд.
Доғи судӣ доштан ва беморӣ (ҳатто аллакай муолиҷашуда) намегузорад, ки дар ҷомеа ҳаёти орому осуда дошта бошанд.
“Маро ба ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд, - мегӯяд Денис Игонин, ки барои таҷовуз ба номус маҳкум шуда, лекин айбашро рад мекунад. - Ҳамааш барои доғи судӣ доштан. Вақте огоҳ мешаванд, ки ман аз бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) муолиҷа мегирам, ҳатто аз гуфтугӯ рӯй мегардонанд”.
Лекин миёни собиқ маҳбусон шахсоне ҳам ҳастанд, ки сарфи назар аз ҳама гуна монеъаву мушкилот, муваффақ шудаанд.
Бо ташкили ин намоишгоҳ Ташкилоти ҷамъиятии “СПИН Плюс” мехоҳад, ки муносибати одамонро ба собиқ зиндониён ва шахсоне, ки бо бемории ВНМО зиндагӣ доранд, тағйир бидиҳад. Кори намоишгоҳ то 3 август идома меёбад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.