Иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар ҳайати 50 нафар таҳти роҳбарии вазири фарҳанги ҳамсоякишвар Бахтиёр Сайфуллоев шаби 11-уми ноябр ба Душанбе омаданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва сокинони пойтахт истиқбол карданд.

Ба ин ҳайат Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи ҳамсоякишвар, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” шомил шудаанд.

Дар лаҳзаҳои охир ҷониби Ӯзбекистон ба ҳайат овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраевро низ дохил кард. Моҳи августи соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Ҷӯраев унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро дода буд.

1/8

Имрӯз, 12-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон Шамсиддин Орумбекзода ва Бахтиёр Сайфуллоев баргузор мешавад.

Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон доир мегардад. Қабл аз ифтитоҳи расмии чорабинӣ дар долони театр намоиши аксҳо ва мусаввараҳо дар мавзӯи “Ӯзбекистони муосир” баргузор мешавад.

Рӯзи 13-уми ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанг ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони ин ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Шоми 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунарпешагони ӯзбек ва тоҷик таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” консерти муштарак баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.