Дар раддабандии навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз зинаи охирин ба ҷойи 132-юм боло рафт.
Портали хизматгузории интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги навбатиро оид ба суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон барои моҳи октябри соли 2019 нашр кард.
Тоҷикистон дар ин раддабандӣ зинаи 132-юмро дар байни 141 кишвар ишғол мекунад.
Аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ низ Тоҷикистон се зина боло рафта, миёни 176 давлати дунё мақоми 108-умро касб кардааст.
Қаблан аз лиҳози суръати интернети мобилӣ муаллифон Тоҷикистонро дар зинаи 137-уми охирин пас аз Афғонистон ҷой дода буданд.
Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯйи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон зинаи 99-ум, Русия – 91, Қирғизистон – 106 ва Ӯзбекистон – мақоми 136-умро касб кардаанд.
Тибқи маълумоти гузориши моҳи январи агентиҳои маркетингии We Are Social ва Hootsuite дар бораи фазои глобалии рақамӣ, 33% аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Дар Осиёи Марказӣ танҳо нишондиҳандаи Туркманистон (18%) аз ин пасттар аст. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти пажӯҳиши Internet Live Stats, шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон аз ин ҳам камтар – ҳамагӣ 19%-и аҳолиро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.