Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои гирифтани пулҳое, ки тариқи низоми “Золотая корона” интиқол дода шудаанд, ду рӯз – 24-25 декабр муҳлат дод. Вале дар гирифтани пул мизоҷон ба мушкилӣ дучор мешаванд.

Як сокини Душанбе, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, изҳор дошт, се ҳафта инҷониб пули тариқи “Золотая корона” фиристодаро гирифта наметавонад ва рӯзи 24-уми декабр аз шаш бонк маблағро дастрас карда натавонист. 

Айни замон се низоми пардохт – "Юнистрим", Western Union ва Contact ба Маркази нави миллии протсессингӣ пайваст шудаанд. Дар Бонки миллӣ мегӯянд, ҳамаи онҳо муназзам ва муътадил фаъолият доранд.

“Айни замон ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ва филиалу воҳидҳои зертобеъи онҳо хизматрасонии мизоҷонро ба роҳ мондаанд. Барои интиқоли пул ҳозир ҳеҷ душворие вуҷуд надорад”, - иброз дошт котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Мавҷуда Ҳасанова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.