АНОНС

- Раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи дастгоҳи шаҳрдориро баргузор мекунад. Дар он аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли равон муайян карда мешаванд.

Сурат: дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт

- Мураббӣ дар соҳаи тиҷорат, омӯзгори барномаҳои МВА AlmaU Лайло Узоқова ба машғулияти «Waterfall vs. Agile: Идоракунии лоиҳаҳо ва рақамикунонӣ” даъват мекунад. Машғулият дар “Душанбе Плаза” доир мегардад. Оғоз соати 18:00. Билетҳоро бо рақами телефони 981-981-981 ва 988215005 дарёфт кардан мумкин аст.


- Дар Roof Pub - Dushanbe шоми имрӯз чорабинӣ баргузор мешавад: шуморо коктейлҳои болаззату мусиқии зинда ва дар MyShot Bar - "Латино-пати" интизор аст.


ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6961 сомонӣ;

1 евро – 10.7685 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

Сурат: Tiroz.org

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон               

1863 — Дар Лондон нахустин хатти метро кушода шуд.

1920 — Таъсиси Лигаи Миллатҳо – созмони байнулмилалии кишварҳо, ки соли 1945 онро Созмони Милали Муттаҳид (СММ) иваз кард.

1935 — Ташкили ноҳияи Регар (аз соли 1978 – ноҳияи Турсунзода).

1936 — Шаҳри Хуҷанд ба Ленинобод номгузорӣ шуд.

2000 — Чин парвози киштии кайҳонии «Шенчжоу»-ро дар реҷаи автоматӣ амалӣ кард.

2007 — Дар Тоҷикистон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.

1910 — Зодрӯзи олим, доктори улуми геологиву минералогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон Захаров Сергей Акимович.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

74 сол пеш, 10 январи соли 1946 аввалини иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба кор шурӯъ кард. Айни замон ба ҳайати Маҷмаи Умумӣ 193 кишвар шомиланд, ки аъзои Созмон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ суханронӣ мекунад
Акс аз бойгонии хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Бори нахуст дар таърихи давлатдории Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ кард. Акнун ин сана дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дипломати тоҷик таҷлил мегардад.

157 сол пеш дар Лондон нахустин хатти метро кушода шуд. Метрои Лондон қадимтарин дар ҷаҳон аст.

Метрои Лондон
Сурат: holy-mozart.livejournal.com

Суратгузориши зеботарин истгоҳҳои метро - ТОП-7-ро дар саросари ҷаҳон манзуратон мегардонем.

Оё шумо медонед, ки дар Душанбе ҳам метро сохта мешавад? Мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт, ба истифода додани нахустин шохаи метрои ҳавоии шаҳри Душанбе то охири соли 2040 ба нақша гирифта шудааст.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати 8-13° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона -3+2 дар шарқи вилоят шабона 23-28° хунук, (дар мавзеи Булункул то 40-42 хунук), рӯзона 7-12° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 5-10° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 10+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 10+12° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10-12° хунук, рӯзона -1+1° мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.