Хати нахусти метрополитени пойтахт “ҳавоӣ” шуда, дарвозаҳои ҷануби шаҳр (дар самти вилояти Хатлон)-ро бо мавзеи назди Сирки давлатӣ мепайвандад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хати ҳавоии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.
Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи имкони сохтмони қитъаҳои зеризаминии метрополитени ояндаи шаҳррро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
“Мутахассисон мушкилоту монеъаҳоеро, ки ҳангоми сохтмони хатҳои зеризаминии метрополитен пайдо шуда метавонанд, омӯхта истодаанд”, - қайд карданд дар дастгоҳи раиси пойтахт.
Ҳамчунин бунёди хатҳои (шохаҳои) эҳтимолии метрои оянда низ омӯхта мешавад. Чанде аз сокинони шаҳр аллакай сохтмони хати метроро аз фурудгоҳ то бозори Корвон ва дигарашро – аз мавзеи Сирки давлатӣ то маҳаллаи Зарафшон пешниҳод кардаанд.
Қобили зикр аст, ки метрои Душанбе сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ва шаҳри Алмаато (Қазоқистон) метро фаъолият дорад. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст.
Қобили зикр аст, ки метро дар шаҳри Тшканд замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) сохта шуда, хати аввали метрои шаҳри Алмаато соли 2011 ба истифода дода шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои Душанберо омода кард
“Хостори хуб шудани муносибат ҳастем”. Як намояндаи Толибон дар бораи равобит бо Тоҷикистон сухан гуфт
Боздошти 15 ноболиғ дар Душанбе баъди нашри навори сангпартоӣ
Филармонияи давлатии Тоҷикистон навсозӣ шуд. Чӣ тағйир ёфт ва чанд пул сарф шуд?
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”
Ифтитоҳи чанд корхона ва мактаби варзишӣ. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд идома дорад
Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт
“Тоҷиконро дар Русия озор медод”. Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони сӯйиқасд ба ҳамватанонаш
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста