Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон кардааст.

Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ин озмун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон гузаронида шуда, аз 15-уми январ то 15-уми сентябри соли 2020 ҷараён мегирад,.

Драмнависон бояд асарҳои худро дар се нусхаи чопӣ ба созмондиҳандагони озмун пешниҳод кунанд. Ғояи асар бояд фарогири мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дар замони истиқлол бошад.

Озмуни мазкур 1-уми октябри соли равон ҷамъбаст мешавад. Барои ҷойи аввал 8000 сомонӣ, мақоми дуюм 6000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 4000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Инчунин се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ бо маблағи ҳар яке 1000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.