Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар даъват кард, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат дар бораи коронавирус бовар накунанд.

Дар маълумоти нашршуда дар торнамои Вазорат қайд мешавад, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорат вобаста ба хабаре, ки гӯё дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон дода, як нафари дигар дар “беморхонаи клиникии Мансуров” бистарӣ шудааст,  иттилоъ медиҳад, ки он комилан ҳақиқат надорад.

Ҳамзамон роҳбари Маркази матбуоти “Сомон Эйр” Темур Бандишоев гуфтааст: “Дар робита ба иттилооте, ки дар сомонаи www.ittiloot.com дар бораи ҳалокати эҳтимолии мусофир дар хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, самти парвоз аз Хитой ба Тоҷикистон пайдо шудааст, ширкати ҳавопаймоӣ изҳор медорад, ки маълумоти мазкур ҳақиқат надорад”.

Гуфта мешавад, Вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона, то кунун ягон ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накарда,  дар ҳолати пайдо шудани суол оид ба ин масъала метавонанд ба Маркази матбуоти вазорат бо рақамҳои зерин 44 600 60 02 тамос гиранд.

Дар ҳамин ҳол, тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, шумори фавтидагон аз коронавируси нав ба 106 нафар расида, дар Чин давоми як шабонарӯз 24 нафар сироятёфтагон ҳалок шудаанд. Теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ дар ин кишвар беш аз 4 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Хуруҷи коронавируси қаблан номаълуми 2019-nCoV моҳи декабри соли гузашта дар пойтахти вилояти Хубэй – шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти олимони Чин, осори он дар бозори маҳсулоти баҳрии шаҳр, ки дар он ҳайвоноти ваҳшӣ фурӯхта мешаванд, ошкор шудааст. Мутахассисон маълум карлдаанд, ки онҳо сарчашмаи вирус мебошанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки нахуст маҳз кадом ҳайвон сироят ёфтааст.

Имрӯз дар шаҳри Ухан донишҷӯёни тоҷик ҳузур доранд, ки ба кумаки дипломатҳои кишвар умедворанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.