Ҳамаи шаҳрвандони Чин, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистону кор мекунанду аз таътили солинавӣ  бармегарданд, як муддати муайян дар карантин қарор хоҳанд дошт.

“Мо аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Чин бо Ситоди назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ робитаи зич дорем”, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе вазири нақлиёт ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати саноат рӯйхати корхонаҳоеро таҳия кардааст, ки дар низоми саноати кишвар кор мекунанд.

“Ҳамчунин шумори шаҳрвандони Чинро, ки дар ин корхонаҳо машғули коранд, муайян кардем”, - иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, дар корхонаҳои саноатии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон 2176 нафар шаҳрвандони Чин ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин шумор 617 нафар дар Тоҷикистон монда, боқимонда ба таътили солинавӣ ба Чин рафтанд. Қисме аз онҳо аллакай баргашта, дар карантин қарор доранд. Инчунин шахсоне, ки оянда низ бармегарданд, аз карантин мегузаранд”, - таъкид дошт ӯ.

Вазир қайд кард, ки айни замон дар соҳаи саноати кишвар наздики 50 ширкат бо сармояи Чин фаъолият мекунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки чунин корхонаҳо асосан дар саноати кӯҳкорӣ амал мекунанд: “Зарафшон”, “Зарнисор”, “Душанбе Саноати кӯҳӣ”, “Талко голд” ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.