Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳоро бо шиносномаи намунаи нави ID то 15-уми феврали соли 2022 ба имзо расонид.
Тавре ба “Азия-Плюс” намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Адҳам Маъмурзода хабар дод, қарори сарвари давлат ба хотири дастгирии аҳолӣ имзо шудааст.
Рӯзи 15-уми феврал муҳлати дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав ба охир расид. Як ҳафта пеш ширкатҳои мобилӣ муштариёни худро огоҳ карда буданд, ки барои қайди дубораи симкортҳо бо ID-и шиносномаҳо шитоб кунанд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15-уми августи соли 2019) аз нав ба қайд гиранд.
Қаблан дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки то ҳол 3,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.
Тибқи иттилои як манбаъ аз Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 6,9 млн. адад симкортҳо ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти ВКД, аз соли 2014 ҳамагӣ 2,9 млн. нафар ва танҳо соли гузашта 1,7 млн. нафар шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи нав гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста