Пизишкон, аз ҷумла табибони тоҷик низ, тавсия додаанд, ки зимни салом бо одамон дастҳо ба ҳамдигар расонида нашаванд, чунки ин амал эҳтимоли сирояти коронавирусро кам мекунад.

Акнун чӣ хел салому алайк мебояд кард? Ана ин тавр. Ба ҷойи дастфишорӣ одамон бо расонидани оринҷҳо ва дигар узвҳои бадан ба  ҳам салом медиҳанд. Зеро меҳрубониву самимиятро касе бекор накардааст. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Табибони эронӣ тасмим гирифтаанд, ки бо рақс ҳам зидди коронавирус мубориза мебаранд. Онҳо рақс мекунанд, то ки беморони дар карантин қарордошта хушҳолу табъашон болида шавад.

Видеои табибони рақсандаро садҳо ҳазор корбар тамошо ва зераш шарҳҳои мусбат гузоштанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки ба ин ташаббус ҳукуматдорони кишвар чӣ гуна муносибат доранд, зеро тибқи қонунҳои динии Эрон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рақсидан манъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.