Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар раддабандии “Озодӣ дар ҷаҳон-2020” Тоҷикистонро ба сафи “кишварҳои ноозод” шомил кард.

Дар гузориши рӯзи 4-уми март нашршуда сатҳи озодӣ дар ҷумҳурӣ аз 100 холи имконпазир 9 хол арзёбӣ шудааст. Аз рӯйи меъёри “озодиҳои шаҳрвандӣ” Тоҷикистон 9 хол ва дар бахши “озодиҳои сиёсӣ” 0 хол (бадтарин нишондиҳандаи имконпазир) гирифтааст.

Ба ҷуз Тоҷикистон, инчунин 48 кишвару қаламрав, аз ҷумла, Қазоқистон (23 хол), Русия (20 хол), Ӯзбекистон (10 хол) ва Туркманистон (2 хол) “ноозод” унвон шудаанд.

Аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо касби 39 хол танҳо Қирғизистон байни “кишварҳои қисман озод” ҷойгир шудааст.

Муаллифони гузориш Туркманистон, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Судони Ҷанубӣ ва Сурияро ба қатори кишварҳои бештар ноозод гузоштаанд.

Боз 63 кишвар, аз ҷумла, Гурҷистон (61 хол) ва Украина (62 хол) ба мисли Қирғизистон “кишварҳои қисман озод” номбар шудаанд.

Дар зинаҳои аввали раддабандии кишварҳои озод (ҳамагӣ 83 кишвар) Финландия, Норвегия ва Шветсия ҷойгир шудаанд, ки дар ҳар кадоме аз ин давлатҳо ҳамаи 100 ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ риоя мешавад. Қариб ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин ИМА ва Канада ба ин гурӯҳ шомиланд.

Дар гузориш сатҳи озодӣ ба сурати умум дар 196 кишвар, ҳамчунин қаламравҳои ҷудогона арзёбӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.