Таътили баҳории хонандагон, ки 21-уми март дар Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, 31-уми март ба анҷом расида, аз рӯзи 1-уми апрел дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳо оғоз мешаванд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод.

“Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018, №484, аз 21-уми март то 31-юми март таътили баҳорӣ эълон шуда, чоряки чаҳорум аз 1-уми апрели соли равон оғоз меёбад”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.

Вай афзуд, ки дар мавриди тамдиди эҳтимолии таътил дар мактабу донишгоҳҳо то ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор қабул нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон барои хонандагони мактабҳои миёна таътили баҳорӣ давом дорад, аммо донишҷӯёни макотиби олӣ аз 26-уми март таҳсили худро идома доданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то имрӯз, 30-юми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.