Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки дар ҳолатҳои эҳтимоли сирояти коронавируси нав (COVID-19), ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг зананд ё ба сафорат муроҷиат кунанд.
“Агар дарди гулӯ ва сулфа, ҳарорати баланд ва нафаскашии душвор пайдо шавад, ба ин рақамҳои ёрии таъҷилӣ: 103 ва 112 фавран ва ҳатмӣ тамос гирифтан зарур аст”, - таъкид кардааст сафорат.
Ҳамчунин бо мақсади мусоидат барои хабар кардани ёрии таъҷилӣ ва ё ба кормандони муассисаҳои тиббӣ фаҳмондани суроға ва дигар мушаххасоти шахсони эҳтимолан сироятшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонҳои шабонарӯзӣ амалкунандаи сафорат тамос гиранд:
+7 (926) 411 09 61
+7 (995) 501 87 33
+7 (985) 740 02 12
+7 (999) 875-37-85
+7 (977) 487 89 64
+7 (910) 443 63 35
Шаҳрвандоне, ки дар дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекунанд, барои чунин кумак ба консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа бо рақамҳои зерин муроҷиат карда метавонанд:
ш. Екатеринбург: +7 (343) 370-23-60
ш. Новосибирск: +7 913 487 38 22
ш. Санкт-Петербург: +7 (961) 611 16 17
ш. Уфа: +79272317171, +79279456566
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ бинобар пандемияи бемории COVID-19 бо мақсади расонидани кумак ва машваратҳои фаврӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тамоси доимиро тавассути телефон ва интернет роҳандозӣ кардааст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, барои истифода аз машварат ва кумакҳои зарурӣ метавонанд бо рақамҳои 235-03-85, 236-68-88, инчунин +992935555087, +992918506677 (Вайбер) бо масъулони вазорат тамос бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии Департаменти тандурустии Маскав, ду-се ҳафтаи наздик камбуди ҷой дар беморхонаҳое, ки барои табобати беморони коронавирус тағйири таъинот карданд, имкон дорад.
Тавре Медуза хабар медиҳад, ин департамент вазъи марбут бо коронавирусро дар Маскав шиддатнок унвон кардааст.
“Шумори ҳамарӯза ошкоршавии ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус мисли пешин баланд аст”, - гуфтаанд дар ин ниҳод.
Муддати даҳ рӯз дар Маскав боз 24 бемористонро барои қабули шахсони гумонбар ба бемориии коронавирус омода мекунанд. Пас аз ин шумори ҷойҳо барои чунин беморон дар шаҳр ба наздики 21 ҳазор нафар мерасад.
Аз оғози хуруҷи COVID-19 дар Маскав беш аз 11,5 ҳазор ҳолати сирояти одамон аз коронавирус ошкор шудааст. Аз ин теъдод 837 нафар шифо ёфта, 95 кас фавтидааст. Шумори сироятёфтагон дар Русия ба сурати умум зиёда аз 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 1470 нафар шифо ёфта, 161 нафар фавтиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.