Нависандаи маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазод бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст.

Айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд бистарӣ буда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” рӯзноманигор Додохонаи Эгамзод хабар дод.

“Мутаассифона, адиби маҳбуби моро чанд рӯз пеш бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш дар беморхона хобонданд. Писараш ҳам дар ҳамин беморхона бистарӣ буда, табаш баланд аст. Мо онҳоро аёдат карданӣ будем, лекин имкон даст надод”, - изҳор дошт Эгамзод.

Ба гуфтаи табибони беморхона, пас аз пайваст кардани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вазъи солимии адиб рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазоди 82-сола муаллифи китобҳои сершумор аст, аз ҷумла, доир ба сохтмони иншооти бузург ва сарнавиштсози кишвар – нерӯгоҳҳои барқии обии Норак ва Роғун.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.