Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудаанд. Натиҷаи ташхиси онҳо ҳанӯз маълум нест.
Бино ба иттилои як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” дар ин беморхона, вазъи Хайринисо Юсуфии 56-сола айни замон муътадил арзёбӣ мешавад.
“Ҳар дуи онҳо зери назорати табибон қарор доранд”, - қайд кард манбаъ.
Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” маълумот дод, ки дар ин беморхона ду минтақа вуҷуд дорад: “сабз” ва “сурх”.
“Беморони ҳолаташон вазнинро дар минтақаи “сурх” ва шахсони ҳолаташон муътадилро дар минтақаи “сабз” бистарӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин маълум нест, ки Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар кадоме аз ин минтақаҳо бистарӣ шудаанд.
Дар бораи бистарӣ шудани ӯ чанде пеш расонаҳои дигар ҳам хабар дода буданд.
Радиои Озодӣ ба истинод ба Хуршед Ҳабибов, сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми апрел хабар дода буд, ки вазъи саломатии муовини раиси ҲХДТ муътадил аст ва ӯ бо духтараш зери назорати табибон қарор доранд.
Тамос бо хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд: дар он ҷо касе гӯширо намебардорад.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 24-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Хайринисо Юсуфӣ то моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт. Айни замон ӯ муовини раиси ҲХДТ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.