Дар сурати эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарсҳо барои хонандагон тариқи онлайн ё телевизион гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати маориф маркази фосилавӣ ташкил шуда, ҳамаи барномаҳо барои намоиш  тариқи телевизион омодаанд.

“Агар дар кишвар карантини умумӣ эълон шавад, дарсҳо бо телевизион ё онлайн намоиш дода мешаванд. Барои муассисаҳои таълимӣ барномаи дарсҳо омода аст”, - гуфт манбаъ.

Аз 27-уми апрел то 10-уми май таътили ғайринавбатӣ шудааст ва дарсҳо гузаронида намешаванд.

Дар Вазорат ҳамчунин қайд карданд, ки айни замон натанҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, балки дар муассисаҳои томактабӣ, курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат, дар марказҳои омӯзишию варзишӣ низ таътил эълон шудааст.

“Дар ҳамаи ин муассисаҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд”, - гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Дар робита ба мактабҳои олӣ зикр шуд, ки масъалаи эълони таътил дар онҳо айни замон дар ситод оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” хабар расид, имрӯз ба донишҷӯёни факултаи филологияи рус, медиа-технология ва рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон эълон карданд, ки реҷаи таълим пурзӯр шуда, анҷом ёфтани дарсҳо то 10-уми май дар назар аст. Ба донишҷӯён гуфтаанд, ки ин тадбирҳо баҳри пешгирии сироятёбии онҳо роҳандозӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.