Дар шаҳри Хоруғ пойгоҳҳои нави базавии 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор дароварда шуданд. Ин иқдом имкон дод, ки суръати интернети мобилии барои ҳамаи сокинони шаҳр дастрас зиёда аз ду маротиба афзоиш дода шавад.

МегаФон Тоҷикистон ҳудуди амали интернети баландсуръатро пайваста васеъ менамояд. Диққати махсусро оператор ба ҳудудҳое зоҳир менамояд, ки дур аз пойтахт ва шаҳрҳои бузург қарор гирифтаанд. Пешниҳоди имкониятҳои баробар ба муштариён новобаста аз макони зиндагонии онҳо махсусан айни замон, вақте ҷаҳон тадриҷан ҳамаҷониба рақамӣ мешавад, махсусан муҳим аст. 

“Новобаста аз релефи мураккаби кӯҳии ВМКБ муҳандисони мо ҳаррӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳамаи сокинони минтақаро бо алоқаи босифату боэътимод таъмин намоянд. Бо инкишофи шабака муштариён имкон пайдо менамоянд, ки интернети босуръатро дар самти донишандӯзӣ, дар кору фаъолият ва муошират бо наздикон ба кор баранд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.   

*Мувофиқи маълумоти Ookla аз рӯйи семоҳаи 2-3 соли 2019 (таҳиякунандаи хизматрасонии Speedtest) МегаФон Тоҷикистон мизоҷони худро бо интернети аз ҳама баландсуръат дар кишвар таъмин менамояд. Тадқиқот ҳарсола дар тамоми олам гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.