Бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ширкати ватании «Ориёнфарм» бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон  ворид кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, ин маводи доруворӣ барои муқовимат ба пандемияи коронавирус пешбинӣ шудааст. Дар бораи кадом навъи маводи доруворӣ, маблағи харидорӣ ва миқдори он маълумот дода намешавад.

Ғайр аз ин, бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони COVID-19 ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

Таъкид мешавад, ки маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус, COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад.

Зикр шудааст, ки шаҳрдории пойтахт рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкориро дар назар дошта, ба ин васила дар бартараф кардани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.