Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода тариқи алоқаи интернетии Skype бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии ин вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират машварати  корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, Гулрӯ Ҷабборзода ба роҳбарият ва кормандони намояндагӣ дастур дод, ки ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳамаҷониба кумак расонида шавад.

Гуфта мешавад, роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, ҷануб ва шимолу ғарби Русия, шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар ва корҳои анҷомдодаи намояндагӣ дар манотиқи гуногуни кишвари қабулкунанда гузориши мафассал манзур карданд.

Вазир супориш дод, ки ягон муроҷиат ё арзу шикояти муҳоҷирони кории тоҷик бетаваҷҷуҳ гузошта нашавад.

Ҷабборзода ҳамчунин зарурати роҳандозии ҳамкории зичи намояндагиии вазоратро дар Маскав бо диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳои Русия таъкид кард.

Бар асари вазъи марбут ба коронавирус аксари муҳоҷирон дар Русия вазъи душвор доранд. Бархе ба хона баргашта натавонистанд, дигарон аз кор маҳрум шуданд. Акнун пули онҳо тамом шуда, аз гуруснагӣ азият мекашанд.

“Ман ҳамроҳи ҳамсар ва 3 фарзандам моҳи ноябр тибқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон ба шаҳри Челябинск омадам, - нақл кард ба “Азия-Плюс” сокини Душанбе Субҳон Исломов. - Муваққатан дар сохтмон кор карда, ҳоло ба гирифтани шаҳрвандӣ фурсат наёфтаам. Аммо карантин ҷорӣ карданду акнун хонашинӣ лозим омад. Фикр кардем, ки ин як муддати кӯтоҳ аст. Лекин губернатори вилоят реҷаи карантинро то 31-уми май дароз карда, ҳоло ҳам маълум нест, ки онро кай бекор мекунанд. Пуламон тамом шуд. Ба ҷойи кумак ба пайвандон дар Тоҷикистон, баръакс аз онҳо акнун ёрӣ мепурсем”.

Ҳазорон тоҷикистонии дигар низ дар чунин вазъиятанд. Ба онҳо тоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар хайрхоҳон кумак мекунанд, аммо дасташон ба ҳама намерасад.

“Баъзе ҳамдиёрони мо ҳозир дар анборҳо кор меёбанд ё ба рӯбучину тозакунии кӯчаву ҳавлиҳои назди биноҳо машғул мешаванд, ки дар ин ҳолат эҳтимоли сирояти коронавирус вуҷуд дорад. Ва на ҳама вақт ба мо кумак мекунанд. Аз ин рӯ, мо ду роҳи интихоб дорем: ба кор рафтан бо эҳтимоли зиёди сироятёбӣ аз коронавирус ё риояи карантин ва аз гуруснагӣ азият кашидан”, - гуфт як сокини Душанбе Рустам Неъматов, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Маскав қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.