Рӯзи 12-уми май корбарони Facebook бо чопи аксҳо хабар доданд, ки ҳамсоякишвар - Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 8 мошини ёрии таъҷилӣ тӯҳфа кардааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” ҳам бо такя ба сомонаи CentralAsia хабар дод, ки кӯмаки ширкатӣ ӯзбекистонӣ аст. Аммо дертар хабарро пок карда, маълумот дод, ки мошинҳоро ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” аз ҳисоби маблағҳои худ харидорӣ намудаву ба беморхонаҳои кишвар тӯҳфа мекунад.
Аммо корбарони Facebook, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон дар шарҳҳо такрор мекарданд, ки мошинҳо тӯҳфаи ҳамсоякишвар ҳастанд...
“Се нуқта” мавзӯъро пайгирӣ намуда, маълум кард, ки мошинҳоро воқеан ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” аз ҳисоби маблағҳои худ харидорӣ кардааст ва ба муассисаҳои тиббии кишвар тӯҳфа мекунад.
Тафсилоти санҷиши маълумот:
Акси аввалин дар Facebook дар гурӯҳи «Манфиатҳои миллӣ – Национальные интересы» аз ҷониби корбар Bakht Ovar, рӯзи 12-уми май соати 14:14 нашр шуда, баъдан аз ҷониби корбарон ба дигар гурӯҳҳо ва саҳифаҳои шахсиашон паҳн гардид.
Як рӯз баъд, 13-уми май Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба сомонаи CentralAsia хабар дод, ки ширкати UzAuto Motors ба Тоҷикистон 8 мошини ёрии таъҷилии тамғаи Damas Ambulance-ро ҳамчун кӯмак дар давраи пандемияи коронавирус фиристодааст.
Аммо пас аз чанд соат хабаргузории “Азия-Плюс” ин хабарро пок кард ва бо такя ба менеҷери фурӯшгоҳи автомобилҳои «RAVON» Ҳайдаршоҳ Носирзода маълумот пахш кард, ки автомобилҳои мазкурро ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” (намояндаи расмии автомобилҳои «RAVON») аз ҳисоби маблағҳои худ аз UzAuto Motors харидааст.
Ҳайдаршоҳ Носирзода ба хабаргузорӣ гуфтааст: “Дар асл мошинҳоро мо харидем. Роҳбарияти ширкати “Лесинвест” ният дорад, ки рӯзҳои наздик онҳоро ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон тӯҳфа намояд”.
Ҳамоно корбарони Facebook бовар намекарданд, ки мошинҳоро ширкати тоҷикистонӣ харидорӣ кардааст ва хабари расмии UzAuto Motors-ро аз сомонаи расмии ширкат ва сомонаҳои ӯзбекистонӣ ҳамчун исбот пешниҳод мекарданд.
“Се нуқта” бо маркази матбуотии ширкати ӯзбекистонии UzAuto Motors тамос гирифт. Аз ширкат ба мо гуфтанд, ки хабарро журналистону корбарон хато фаҳмидаанд.
“Дар хабар гуфта шуда буд, ки дар давраи пандемия ба Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилии тамғаи Damas равон карда шуданд. Он ҷо дар бораи кӯмаки ройгон ҳарфе набуд”,- гуфтанд дар ширкат.
Баъдан ин хабар аз сомонаи расмии UzAuto Motors пок карда шуд.
Хулоса: Мошинҳои ёрии таъҷилии тамғаи Damas Ambulance аз ҷониби ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” харидорӣ шудааст.
PS: Ҳамсоякишвари Ӯзбекситон дар мубориза бо коронавируси COVID-19 чанд маротиба ба Тоҷикистон кӯмак ва ҳамчунин духтуронро фиристод, ки расонаҳои кишвар хабару гузоришҳо пахш намуданд.
Хоҳишмандем ба хабару маълумоти носанҷида ва шубҳанок бовар накунед. Агар ба дурустии хабар шубҳа доред, ҳатман ҷӯёи сарчашмаи расмӣ ё аслии иттилоъ шавед. Ё хабару маълумотро барои санҷиш ба мо фиристед!
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро рушд диҳед!
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста