Зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод, ки то охири ҳафта дар Хуҷанд озмоишгоҳи вирусологӣ барои муайян намудани беморони коронавируси COVID-19 фаъол мегардад ва тамоми ашхоси шубҳанок ба ин намуди беморӣ мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.

То ин дам сокинони вилоят чунин имкон надошта, қаблан тестҳо барои ташхис ба Душанбе фиристода мешуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 20 май аз Марказҳои саломатии №2, 4 ва 5 боздид ба амал оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳангоми суҳбат бо табибон ва ҳамшираҳои шафқат раиси вилоят изҳор дошт, ки самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки имрӯз сафи беморони короновирус назар ба рӯзҳои аввал хеле коҳиш ёфта, пас аз шифоёбӣ беморон ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки чанд рӯз қабл кӯмакҳои моддии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корвони иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда шуданд.

Гуфта мешавад, сипас ба Марказҳои саломатии №2, 4 ва 5-и шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои раиси вилоят, аз қабили доруворӣ, корҷома, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ тақдим карда шуданд.

1/4

Қобили зикр аст, ки табибон ва кормандони тиббии ҳамаи 6 Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.