Субҳи имрӯз, 25 май аз шаҳри Москва 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва 13 ҷасади ҳамватанон, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтидаанд, ба шаҳри Душанбе таҳвил дода шуданд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, аз теъдоди умумии шаҳрвандони баргашта 197 нафар дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор дошта, пас аз ихроҷ бепул ба ватан оварда шуданд.
Мусофирони боқимондаи хатсайри махсуси ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”, ки ба пойтахти Тоҷикистон барои ба ватан бурдани омӯзгорони Русия омад, аз ҳисоби худ ба ин хатсайр билет харидаанд.
Дар бораи ба чӣ миқдор маблағ харидорӣ шудани билетҳо ба ин парвоз аз ҷониби тоҷикистониёни дар Маскав дармонда маълумот дода намешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” маълум шуд, ҳамаи мусофирони аз Маскав омадаро дар минтақаи истироҳати “Садбарг” дар дараи Ромит ба карантини дуҳафтаина ҷойгир кардаанд.
Ҳавопаймои ширкати “ЮтЭйр” бо омӯзгорони дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи Русия ва инчунин дигар шаҳрвандони Русия, ки бо сабаби паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон мондаанд, имрӯз аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия роҳ пеш мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.