Имрӯз, 26 май 159 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо парвози мазкур инчунин ду ҷасади ҳамватани мо ҷиҳати хоксупорӣ дар Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Субҳи дирӯз, 25 май 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва 13 ҷасади ҳамватанон аз шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе таҳвил дода шуданд. Аз теъдоди умумии шаҳрвандони баргашта 197 нафар дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанад ва таври ройгон ба ватан оварда шуданд.
Ҳамаи мусофирони аз Маскав омада дар минтақаи истироҳати “Садбарг” дар дараи Ромит ба карантини дуҳафтаина ҷойгир карда шуданд.
Бо ҳамин хатсайри “ЮтЭйр” шоми 25 май 244 нафар шаҳрвандони Русия, аз ҷумла 50 нафар омӯзгорони русиягии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта бо аъзои оилаашон Тоҷикистонро тарк карданд.
Имрӯ боз як ҳавопаймо аз Красноярск ба Душанбе меояд, ки шояд ҳамчунин шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистонро ба Душанбе оварда, дар роҳи бозгашт русиягиҳоро аз Тоҷикистон бо худ гирад.
Рӯзи 29 май тариқи хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав ҳавопаймо парвоз мекунад. Ҳавопаймо соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз хоҳад кард. Рӯзи 30 май бо хатсайри№SVR8880 парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Санкт-Петербург сурат мегирад.
Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз мешавад.
Зикр шуд, ки ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба ватан баргардонида мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста