Гурӯҳи иборат аз 14 нафари вирусолог ва мутахассисони соҳаи тандурустии Чин рӯзи 26 май ба вилояти Хатлон омада, бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Гурӯҳи вирусологҳои чиниро дар шаҳри Бохтар муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ба ҳузур пазируфта, вобаста ба чораҳои андешидашуда дар самти  пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19  сӯҳбат карданд.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, Фирӯза Шарифӣ гуфтааст, ки мутахассисони Чин дар пешгирӣ ва мубориза бо CОVID-19  таҷрибаи хуб доранд ва машварати онҳо бо мутахассисони тоҷик саривақтӣ ва ба фоидаи кор аст.

Asia-Plus

“Дар вилояти хатлон 1 ҳазору 666 муассисаҳои тиббӣ фаъолият мекунанд ва дар  умум катҳои бистарикунӣ 12 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз моҳи феврал инҷониб дар вилоят ва ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ситодҳои мубориза бо CОVID-19  фаъолият доранд. Дар вилоят мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии CОVID-19   дар вилоят ба ҳолати 15 май аз ҳама сарчашмаҳо наздики 10 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд” – гуфтааст муовини раиси вилоят.

Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чинӣ, дар навбати худ қайд кард, ки мутахассисони чинӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

“Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем.”, - гуфтааст Ҷӣ Венкуй.

Мутахассисони чинӣ баъди сӯҳбату вохӯрӣ бо ҳамтоёни хатлониашон ба ноҳияи Данғара сафар карда, бо вазъи муассисаҳои тиббии ин ноҳия шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи вирусологҳои музофоти Шэнсии Чин рӯзи 24 май бо даъвати шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Тоҷикистон омада буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.