Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов рӯзи душанбе аз беморхона ҷавоб дода мешавад. Дар ин бора ба "Азия-Плюс” худи ӯ дар суҳбати телефонӣ хабар дод.
Ӯ ба ҳамаи тоҷикистониёне, ки аз вазъи солимии ӯ дар ташвиш буданд, изҳори сипос кард. "Худро хуб ҳис мекунам ва табибон гуфтанд, ки рӯзи душанбе аз беморхона рухсат медиҳанд. Натиҷаи тест ҳол наомадааст, лекин ин аллакай он қадр муҳим нест, ман муолиҷаи зиддивирусӣ аз Covid-19 мегирам ва беҳбудӣ ҳаст”, - гуфт ӯ.
Файзов қайд кард, ки мавҷуд набудани озмоишгоҳи вирусологӣ дар ВМКБ кори табибонро душвор мекунад.
“Мо ҳозир ба Чин фармоиш фиристодем ва ҳоло маълум нест, ки таҷҳизот кай ба мо дастрас мегардад. Худо кунад, ки вақти дастрас шудани таҷҳизот ва таъсиси озмоишгоҳ ин беморӣ гум шуда бошад”, - иброз дошт раиси ВМКБ.
Зимнан зикр шуд, ки раиси вилоят бо кормандони ҳукумат тариқи телефон ҳамеша дар тамос аст.
“Ҳозир бори навбатӣ бо кормандони ҳукумат дар алоқа шуда, бори дигар барои дарёфти ксилород ва дигар маводи тиббии зарурӣ барои табибон ва мардуми минтақа дастур додам. Дигар масъалаҳоро ҳам бо телефон ҳал мекунем. Ҳамаи ин корҳо барои мо як сабақе шуд, дар ҳама гуна ҳолат бояд омода бошем”, - афзуд Ёдгор Файзов.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ҳукумати ВМКБ равуои шаҳрвандонро аз дигар минтақаҳои вилоят ба шаҳри Хоруғ ба ҷуз кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳукумат маҳдуд кард: ба шахсоне, ки аз пойтахт меоянд, ин маҳдудият дахл надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.