Парвози махсуси Air India Ai-1983/84, ки аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон ташкил карда шуд, ба мардуми дӯст ва ҳукумати Тоҷикистон 4,6 тонна доруҳоро барои дастгирии мубориза бо пандемияи Ковид-19 интиқол дод.
Тавре сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, кӯмаки башардӯстона аз ҷониби сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба намояндагони Тоҷикистон супорида шуд.
Гуфта мешавад, кумакро муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ва намояндаи Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон қабул карданд.
“Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тибқи барномаи ITEC дар Ҳиндустон таҳсил мекард ва бо сабаби пандемияи Ковид-19 натавонист баргардад, бо ҳамин хатсайри махсус ба ватан баргашт”, - омадааст дар хабари сафорат.
Зимнан зикр мегардад, ки дар бозгашт хатсайри “Эйр Индия” 143 нафар шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Ҷайпур (Раҷастан) бурд.
Рӯзи 27 май ҳукумати Ҳиндустон барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҳиндустон ва шаҳрвандони Ҳиндустон аз Тоҷикистон хатсайри махсус ташкил кард.
Бо хатсайри AI-1983-и ширкати “Эйр Индия” 45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи барномаҳои аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон маблағгузоришуда таҳсил мекарданду бар асари буҳрони Covid19 ва баста шудани фурудгоҳҳои Ҳиндустону Тоҷикистон дармонда буданд, ба ватан баргаштанд.
Қобили зикр аст, ки давоми ду рӯзи охир 286 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон бо хатсайрҳои “Эйр Индия” ба ватанашон баргардонида шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти 15 ноболиғ дар Душанбе баъди нашри навори сангпартоӣ
Филармония давлатии Тоҷикистон навсозӣ шуд. Чӣ тағйир ёфт ва чанд пул сарф шуд?
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”
Ифтитоҳи чанд корхона ва мактаби варзишӣ. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд идома дорад
Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт
“Тоҷиконро дар Русия озор медод”. Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони сӯйиқасд ба ҳамватанонаш
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста