Шаҳрдории Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) муҳлати қатъи фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоси пойтахтро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июн дароз кард.

Гуфта мешавад, то ин муддат кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо низ баста боқӣ мемонанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан фаъолияти меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳои пойтахт низ то 31 май манъ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.