Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 14 июн 5 ҳазору 35 нафарро ташкил медиҳад.

Тӯли шабонарӯзи гузашта 64 ҳолати нави сироят аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 50 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 14 июн 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 3 ҳазору 409 (67,7%) нафарро ташкил медиҳад.

Чуноки маълум аст, аз имрӯз дар Тоҷикистон бозору марказҳои савдо, кошонаҳои ҳусн ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ дубора ба фаъолият оғоз мекунанд. Дар робита ба боз шудани сарҳади чанде аз кишварҳо, мардум инчунин ба масъалаи кушодашавии сарҳадҳои мо низ таваҷҷуҳ доранд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, масъалаи боз шудани сарҳади заминӣ ва ҳавоии Тоҷикистон имрӯз мавриди баррасӣ қарор надорад.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Афғонистон ва Қиргизистну Чин баста боқӣ мемонанд. Танҳо ба гузаронидани бору мол ва маҳсулоти кумаки башардӯстона ва транзитӣ иҷоза дода мешавад.

Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, аз имрӯз, 15 июн Ӯзбекистон иртиботи ҳавоии байнулмилалиро дубора қисман барқарор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.