Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба баргузории тӯйи хонадоршавӣ дар ҷумҳурӣ сар аз 20 июн иҷоза дода шуд.
Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, туйи хонадоршавӣ муваққатан бояд дар доираи то 100 нафар даъватшуда ва танҳо 1 маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ гузаронида шавад.
Гуфта мешавад, зимни баргузории маросим дар тарабхонаю ошхонаҳо бояд ҳатман қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя карда шаванд.
Ёдрас мекунем, ки бо сабаби пандемияи коронавирус аз 30 март баргузории маросими тӯйҳоро дар Тоҷикистон муваққатан манъ карданд. Мувофиқи тавсияҳои Ситоду ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус, баргузории маросими тӯйҳои хонадоршавӣ дар кишвар боздошта шуда, лекин бастани ақди никоҳ манъ нашуда буд.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус аъзои ситодро вазифадор намуд, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ ва пайваста анҷом додани корҳои безараргардонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.