Собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ Назарбегим Муборакшоева дар синни 68-солагӣ набаҳангом аз олам даргузашт.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар саҳифаи ҳукумати вилоят дар шабакаи Facebook ба пайвадону наздикони марҳум изҳори тассалият кард.

Дар бораи сабаби марг маълумот дода нашудааст.

Наазарбегим Муборакшоева
Сурат аз саҳифаи ҳукумати ВМКД дар Facebook

Назарбегим Муборакшоева дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омада, соли 1974 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси агроном ва соли 1991 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада ба ҳайси агрноми колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон, сипас дар мақоти комсомоливу ҳизбӣ, раис, мудири шуъбаи кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон кор кардааст.

Соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшон таъин шуд.

Солҳои 2000-2005 - вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати 2-юм.

Моҳи марти соли 2007 раиси шаҳри Хоруғ таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.