Бо ифтитоҳи эстакадаи сесатҳа дар мавзеи Қарияи Болои шаҳри Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ ба равуо тариқи хатсайрҳои пешин бармегардад.

“Айни замон қариб ҳамаи микроавтобус (маршрутка) ва автобусҳо бо роҳҳои ҳамшафат аз ду самт равуо мекунанд. Лекин дар ду-се рӯзи наздик ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки тариқи Қарияи Боло мегузарад, ба равуо тариқи хатсайрҳои пешина, яъне хатсайрҳо то оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа бармегардад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси пойтахт Хайрулло Камолов.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат

Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик микроавтобусҳои №№ 25, 52 ва 17, инчунин автобуси №38 дубора тариқи Қарияи Боло ҳаракат мекунанд. Микроавтобусҳои №№ 19 ва 54, автобуси №18, ки имрӯз аз назди бинои Прокуратураи генралӣ гузашта, ба дасти рост - маркази савдои “Ёвар” мегарданду ба Кӯли ҷавонон ва минбаъд бо хатсайр мераванд, ҳамчунин ба равуо тариқи Қарияи Боло бармегарданд.

Авутобус ва маршруткаи №8, ки имрӯз бо хатсайри маҳаллаи Зарафшон - фурудгоҳ (тариқи маҳаллаи Меҳробод (Калинин), хиёбони Исмоили Сомонӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Боғи ҳайвонот равуо мекунад, низ ба хатсайри пешина бармегардад.

“Масофаи хатсайри троллейбуси №10, ки қаблан аз маҳаллаи “Обшорон” то маҳаллаи 102-юм равуо мекард, то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дароз карда мешавад. Троллейбуси №12 (Гипрозем - Фурӯшгоҳи Марказӣ, ЦУМ), ки бо сабаби баста будани роҳ то сирк равуо мекард, дубора ба хатсайри маъмулиаш бармегардад”, - илова кард Хайрулло Камолов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.