Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 6063 нафар вафот кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (5778) 285 ҳолат зиёдтар аст.
Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Лолахон Файззода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ оид ба сабабҳои марг, дар ин давра 203 нафар аз бемории илтиҳоби шуш, 109 кас - аз бемории дил ва дигар касалиҳои шуш фавтидаанд. Доир ба дигар сабабҳои марг маълумот дода нашуд.
Дар ҳамин ҳол, Лолахон Файззода таъкид дошт, ки “дар ҳеҷ кадоме аз маълумотномаҳои тиббӣ COVID-19 ба сифати сабаби марг зикр нашудааст”.
Ҳамчунин зикр шуд, ки шумори тифлони навзод дар ин давра 1439 ҳолат кам шуда, 25 ҳазору 482 (соли гузашта 26 ҳазору 921) тифли навзодро ташкил додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.