Бо дастури шаҳрдории Душанбе заминаи техникиву иқтисодии “Обу корези шаҳри Душанбе” бо назардошти васеъшавӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди таҳия қарор дорад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки мушкили таъминот бо об ҳал шуда, акнун бо дастури ҳукумати пойтахт заминаи техникву иқтисодӣ оид ба низоми обу корези шаҳр таҳия мешавад.

“Заминаи техникиву иқтисодӣ аз ҷониби шуъбаи лоиҳакашии мо таҳия гардида, то охири моҳи октябр онро ба раҳбарияти шаҳр пешниҳод мекунем”, - гуфт Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин мақсад гурӯҳи байниидоравӣ таъсис ёфта, онҳо дар ҳар як кӯча ҳамаи камбуду норасоиҳоро дар ин низом меомӯзанд.

“Зимни таҳияи заминаи техникиву иқтисодӣ васеъшавии қаламрави шаҳр тибқи Нақшаи генералӣ ба инобат гирифта хоҳад шуд”, - таъкид дошт раиси Кумита.

Зимнан зикр шуд, ки мувофиқи Нақшаи генералӣ, иншооти поккунӣ (тозакунӣ) низ кӯчонида шуда, дар дигар ҷой иншооти нав сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.