Дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ доир маҷбурӣ ба хизмат бурдан ва шиканҷаҳо дар сафи артиш ба идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон ягон муроҷиат ворид нашудааст.
“Омбудсмен асосан бар асос ё мавҷуд будани ариза аз шаҳрвандон кор мекунад. Агар хато накунам, тӯли ним сол дар бораи қонуншиканиҳо ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ба мо арзу шикоят ворид нашудааст. Бо вуҷуди ин, Омбудсмен ҳамеша ба баррасии чунин ҳодисаҳо омода аст”, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода.
Ба гуфтаи ӯ, доир ба ҳолатҳои мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор гирифтани сарбозон дар сафҳои артиш низ шикоят нашудааст.
“Дар шаш моҳ оид ба шиканҷа се муроҷиат қабул шуд, лекин на аз қисмҳои ҳарбӣ. Шояд дар артиш чунин ҳодисаҳо ҷой дошта бошанд, лекин муроҷиат набуд ва мо хабар надорем. Се муроҷиат зикршуда оид ба нақзи ҳуқуқ ҳангоми боздошт буданд, лекин тасдиқ нашуданд”, - илова кард Бобозода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.