Моҳи июни соли ҷорӣ ба моддаи 20-и Қонуни ҶТ “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, зимни сабти ному насаби тифлҳо ба истифодаи пасвандҳои славянии «ов», «ова», «ев», «ева» ба насаб (фамилия) ва «ович», «овна», «евич» ва «евна» ба номи хонаводагӣ иҷоза дода намешавад.
Ба гуфтаи вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён, ин ба касоне, ки аллакай бо пасвандҳои русӣ дар насабу номи хонаводагиашон шаҳодатнома гирифтаанд, дахл надошта, онҳо бо чунин ному насаб шиноснома гирифта метавонанд. Тағйирот ба қонун ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки пас аз ҳукми қонунӣ гирифтани қонун шаҳодатнома дар бораи таваллуд мегиранд.
Бо ин тағйироту иловаҳо минбаъд дар қатори пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «ёр», «ниё» ва «фар», ба истифодаи пасвандҳои “пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) ҳам иҷоза дода мешавад.
Намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими кишвар истисно буда, зимни сабти ному насаби тифлҳо онҳо метавонанд худашон пасванд ба ному насаби кӯдакро интихоб кунанд.
Ивази пасвандҳо тибқи қонун ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки бори нахуст шаҳодатномаи тасдиқи шахсият мегиранд ё ному насабашонро иваз кардан мехоҳанд.
Барои ивази ному насаб бо аризаи дахлдор ба мақомоти САҲШ муроҷиат кардан лозим аст.
Ариза бояд дар муҳлати на дертар аз се моҳ аз замони пешниҳоди он баррасӣ шавад. Дар сурати ҳалли мусбати ариза, муроҷиаткунанда шаҳодатнома дар бораи ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ мегирад.
Бар асоси сабти санад дар бораи ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии дорандаи чунин шаҳодатнома тағйирот ворид карда мешавад.
Нархаш чанд пул аст?
Барои анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ 30% аз ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб (1 ҳазору 740 сомонӣ) маблағ пардохт кардан лозим меояд.
Аммо ин ҳоло охири кор нест. Барои варақаи тозаи намунаи ариза ва пур кардани он 2 сомониву 90 дирамӣ - ҳамагӣ 5 сомониву 80 дирам пардохт кардан зарур аст.
Як саҳифаи нусхабардорӣ (ксерокопия)-и ҳуҷҷатҳо 2 сомониву 90 дирам, ҳуруфчинии компютерии мақомоти САҲШ барои 1 саҳифа 1 сомониву 45 дирам нарх доранд.
Ҳар кадоме аз ин се номгӯйи хизматрасонӣ дар бойгониҳои САҲШ 14 сомониву 50 дирам нарх доранд: додани ҳамам гуна маълумотнома (справка) дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвнадӣ, пур кардани шаҳодатномаҳои такрорӣ ва ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо бар асоси китобҳои бойгонӣ.
Сайре ба таърих
Қобили зикр аст, ки дар таърихи чандинасраи халқи тоҷик шаклҳои ному насаб чандин маротиба иваз шудаанд. То истилои арабҳо асосан номҳо бо решаҳои забони форсии қадима истифода мешуданд: Рустам, Ҷамшед, Спитамен, Хусрав ва дигар номҳо.
Пас аз қабули ислом тоҷикон ба таври оммавӣ шакли арабии номҳоро пазируфтанд, ки аз калимаҳои Абӯ (барои мардон) ва Умм (барои занон) сар шуда, бо номи писар ё духтар анҷом меёфтанд. Чун дар дигар мардуми минтақа, дар тоҷикон низ насаб истифода намешуд.
Ба номи шахсӣ иловаҳо ҳамроҳ мешуданд, ки ба макон (ҷуғрофия, ҷойи таваллуд ё зист) ё касб ишора мекарданд.
Намунаи барҷастаи он номҳои широн ва олимони тоҷики асримиёна мисол шуда метавонанд: Рӯдакӣ, Шерозӣ, Ҷомӣ, Насафӣ, Тирмизӣ, Самарқандӣ, Бухорӣ ё Зардӯзи Самарқандӣ, Гулханӣ.
Тоҷике, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар ноҳияи Ленин ё Коммунистӣ таваллуд шуда буд, ба ҳеҷ гунае наметавонист худро мисол Рустами Ленинӣ ё Фарҳоди Коммунистӣ ном барад.
Ҳозир низ зодаи шаҳру навоҳие, ки ба ифтихори шахсони маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ номгузорӣ шудаанд, наметавонад худро ба гунаи мисол Фаррухи Мир Сайиди Алии Ҳамадонигӣ, Хусрави Ҷалолиддини Балхигӣ ё Ҷамшеди Бобоҷон Ғафуровӣ… ном барад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.