Набояд ба ҳама хабарҳо зуд бовар кард, онҳоро аз сарчашмаҳои расмӣ бояд ҷӯст ва санҷид, то куҷо ҳақиқат доранд. 

Ҳангоми ҷустуҷӯи иттилоот бояд ба сифат ва манбае, ки маълумот аз он  гирифта шудааст аҳамияти ҷиддӣ дод. Ҳамагуна маълумоти гирифташударо бояд тавассути манбаъҳои расмии иттилоот дубора тафтиш кард.

Манбаи расмии иттилоот чист?

Онҳо сарчашмаҳои боэътимод ва шахсони воқеӣ мебошанд. Ба сарчашмаҳои расмӣ дохил мешаванд: 

✅ намояндаҳо ва хадамоти матбуотии ташкилот;

✅ вебсайтҳо ё шабакаҳои иҷтимоии ҳукумат ва вазоратҳо;

✅ вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мақомоти давлатӣ ва корхонаҳо;

✅ вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии ташкилотҳои байналмилалӣ (СММ, ТУТ, ЮНИСЕФ).

Чӣ гуна маълумотро тавассути манбаи расмӣ тафтиш кардан мумкин аст?

Масалан, шумо дар WhatsApp паёме мегиред, ки гӯё сирпиёз шахсро аз коронавирус муҳофизат мекунад. Пеш аз паҳн кардани маълумот, шуморо мебояд, ки онро тавассути ягон манбаи расмӣ санҷед.

Ин мавзӯъ ба соҳаи тиб вобаста аст, бинобар ин шумо бояд онро дар сомонаи Вазорати тандурустӣ ё дар вебсайти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт - https://www.who.int/ru ҷустуҷӯ кунед. Агар шумо маълумоти мазкурро дар сомонаҳои болозикр наёбед, пас ин иттилоъ ғалат ва фейкӣ мебошад. 

Муҳим! 

Ба намуди зоҳирии сомона диққати махсус диҳед. Имрӯз, қаллобон метавонанд моҳирона сомонаҳое, ки ба сомонаи аслӣ монандӣ дорад бисозанд. Номи домени сайтро санҷед, қаллобон метавонанд танҳо як ҳарфро аз домени аслӣ иваз кунанд. Инчунин бо пайдоиши ҷараёни зиёди иттилоот дар Интернет барои қисми зиёди мардум мафҳумҳои сарчашмаҳои расмӣ ва ғайрирасмии иттилоот норӯшан шудаанд. 

Солҳои пеш барои дастрасии иттилооти расмӣ маҷбур мешудем, ки ба маъмуриятҳо (ҳокимиятҳо), вазоратҳо, корхонаҳо ва ғайра муроҷиат намоем. Имрӯз ин раванд хеле осон шудааст. Хонанда метавонад маълумоти заруриро аз сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо дар якчанд клик дарёфт кунад ё онро тафтиш намояд. 

Дар поён ба Шумо манбаъҳои маъмултарини иттилооти ғайрирасмиро меорем: 

Википедия сарчашмаи расмии иттилоот нест, чун Шумо наметавонед муаллифи маводро пайдо намоед. Инчунин маводи дар википедия мавҷуд бударо дилхоҳ нафар метавонад таҳрир намояд.

ВАО - манбаи расмии иттилоот ба ҳисоб намеравад. Хабарнигорон, танҳо маълумоти аз сарчашмаҳои расмӣ гирифта ё аз забони мансабдорон шунидаашонро ба хонандагон пешниҳод мекунанд. 

PS: Дар Тоҷикистон манбаъҳои расмии иттилоот суст рушд кардаанд ва на шама вазорату корхонаҳо маълумотро саривақт дар сомонаю саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамоянд. Аз ин сабаб, мо метавонем миёни ВАО-и кишвар сарчашмаи боэътимодтареро интихоб кунему хабару маълумотро аз онҷо дастрас намоем. 

Мақолаи моро дар бораи сарчашмаҳои боэътимоди хонандагони тоҷик ин ҷо хонед: 

Сомонаҳои расмӣ ё хабарӣ? Хонандагони тоҷик ба кадом сарчашма боварии бештар доранд?

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!