Ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ки аз заминларзаи рӯзи 4-уми август зарар дида буданд, масолеҳи сохтмон дода шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ба 26 оилае, ки аз заминларзаи рӯзи 4 август қисман зарар дида буданд, бо техникаи Кумита аз ҳисоби ҳукумати кишвар масолеҳи сохтмон равона карда шуд.

Гуфта мешавад, ки КҲФ гурӯҳи корие барои ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод расонидани ёрӣ ташкил намуд, ки ба он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полконик Ҷамшед Камолов сарварӣ мекунад.  

Сурат: Маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ

Ин кумакҳо аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металлӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд. Бо иштироки Комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида дар ин заминларза ин кумакҳо тақсим карда шуданд.

Инчунин бар асоси дастури Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷотҳои эҳтиётии ҳукумати Тоҷикистон  ҷудо карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.