Дар маркази савдои “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз баргузор шуд. Дар ин ид кишоварзон аз шаҳру  навоҳии кишвар маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш гузоштанд, инчунин дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода шуд.

Нархи харбуза дар ин ҷо аз 10 сомонӣ оғоз гардида, тарбузи арзонтарин 5 сомонӣ нарх дошт.

1/19

Дар Тоҷикистон якшанбеи охири моҳи август Иди каду ва шанбеи ҳафтаи аввали моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз ҷашн гирифта мешавад. Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо COVID-19, Вазорати кишоварзии мамлакат тасмим гирифт, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ  таҷлил карда шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.