Ба наздикӣ маълумоти 250 милион корбар ба дастараси умум афтод, чӣ тавр худро метавон ҳифз кард, дар маводи мо.
Як гурӯҳи ғайридавлатии таҳқиқоти амниятии Бритониё бо номи Comparitech, ошкор кард, ки маълумоти шахсии 235 миллион корбарони Instagram, YouTube ва TikTok дастраси умум гардидааст. Пойгоҳи додаҳо бо суроға, рақамҳои телефон, номҳои воқеӣ ва аксҳои корбарон ба дастрасии кушод афтодааст.
❗️ Ҳарчанд ҳама ин маълумоти корбарон бе ин ҳам дастраси омаанд, қоидаҳои ҳар се ширкат истихроҷи маълумотро аз профили корбарон манъ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, чунин маълумот барои маркетологҳо ва қаллобони интернетӣ хеле арзишманданд. Онҳо метавонанд маълумотро барои таблиғи маҳсулот ё ҳамлаҳои киберӣ ва ё паҳн кардани дезинформатсия истифода баранд.
Коршиносони Comparitech бар он боваранд, ки ба ифшои ин маълумот кормандони Deep Social даст доранд. Ин ширкат соли 2018 пас аз масдуд шуданаш дар Facebook ва Instagram фаъолияташро қатъ карда буд. Deep Social ин иттиҳомро рад мекунад ва бовар дорад, ки ин кори дасти кормандони ширкати Гонконгии Social Data аст, ки ба фурӯши маълумоти блогерҳои машҳур ба ширкатҳои маркетингӣ машғул мебошад.
🧐Чӣ гуна маълумоти худро бояд ҳифз кард?
✅ Гузарвожаҳои (паролҳои) мустаҳкам гузоред. Дар соли 2017 коршиносони ширкати таҳлилии SplashData 5 миллион пароли ҳакеришударо таҳлил карданд. Комбинатсияи "123456" дар рӯйхати калидвожаҳои заифтарин тӯли чанд сол аст дар ҷойи аввал қарор мегирад.
✅ Санҷед, ки оё почтаи шумо шикаста нашудааст. Шумо метавонед инро тавассути сомонаи haveibeenpwned.com анҷом диҳед. Танҳо суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед.
✅ Маълумотро дар бораи дӯстони худ ҳифз кунед. Ба барномаҳо дастрасӣ ба рӯйхати тамосҳо (контакты) ё профили дӯстонатонро маҳдуд созед. Қаллобон метавонанд маълумоти дӯстони шуморо барои манипулятсия истифода баранд.
✅ Дастрасиро тавассути AirDrop маҳдуд намоед. Агар шумо iPhone истифода баред, функсияи AirDrop-ро хомӯш кунед, то интиқоли маводи номатлуб тавассути он пешгирӣ карда шавад.
☝️Ба рафтори онлайнии худ аҳамият диҳед, то маълумоти шумо ҳамеша бехатар монанд.
Сарчашмаҳо:
- https://tech.liga.net/…/v-instagram-youtube-i-tiktok-proizo…
- https://www.comparitech.com/…/information…/social-data-leak/
- https://delo.ua/…/10-prostyh-sovetov-o-tom-kak-zaschitit-s…/
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста