Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад. Дар бораи омодагӣ ба он ва муҳим будани чиҳоро донистан мавод таҳия намудем.

Киҳо дар интихобот ба овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд?

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ,  вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд.

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро надоранд.

Дар куҷо овоз дода метавонам?

Комиссияҳои участкавӣ (қитъавӣ) аллакай рӯйхати интихобкунандагонро тартиб доданд. Ба ҳама хабарнома (огоҳинома) фиристода мешавад, ки дар он участкаи интихоботӣ дар маҳалли зист зикр шудааст. Дар саросари кишвар ҳамагӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.

Ба ман хабарнома наоварданд, чӣ кор кунам?

Шумо метавонед ба наздиктарини участкаи интихоботӣ муроҷиат намоед. Участкаҳои интихоботӣ маъмулан дар мактабҳо ба қайд гирифта шудаанд. Шуморо ба рӯйхати иловагӣ номнавис карда, варақаи интихоботӣ медиҳанд.

Бо худ кадоме аз ҳуҷҷатҳоро гирифтанам лозим аст?

Ҳангоми овоздиҳӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод кардан зарур аст. Ин метавонад шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ бошад.

Баъди ба шумо додани варақаи интихоботӣ, дар санад паҳлӯи ному насабатон имзо гузоштан лозим аст.

Ба чанд номзад овоз додан мумкин аст?

Интихобкунанда ба ҷонибдории танҳо як номзад овоз дода метавонад. Ӯ дар паҳлӯи номзади интихобкардааш аломати ҷамъ ё қайд (ишора, галочка) мегузорад. Агар якчанд номзад интихоб шуда бошад, овози додаи шумо бекор дониста мешавад.

Ба ҷойи ҳамсарам ё модарам овоз дода метавонам?

Наметавонед. Овоздиҳӣ махфӣ гузашта, ҳар як интихобкунанда бояд шахсан ба қитъаи интихоботӣ ҳозир шавад. Агар бо сабаби беморрӣ касе ба участкаи интихоботӣ омада натавонад, комиссияи участкавӣ намояндаи худро бо шахсони боэътимод ба хонаи ӯ фиристода метавонад.

Соати кории участкаҳои интихоботӣ кай муқаррар шудааст?

Овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ соати 06:00-и субҳ оғоз гардида, то соати 20:00-и шом идома меёбад. Пас аз соати 20:00 комиссияи участкавӣ ба ҳисоби овозҳои раъйдодагон шурӯъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.