“Тайи се ҳафтаи охир гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз СOVID-19 каме зиёд шудааст”, - изҳор доштааст дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди ба оғози соли нави хониш рабт доштани ин ҳолат ӯ чунин посух додааст:

“Масъалаи аслӣ қарори боз кардани мактабҳо ё накардани онҳо нест, балки масъалаи чӣ гуна таъмин кардани бехатарӣ ва эминӣ дар мактабҳо аст. Яъне, таъмини дарку огаҳӣ аз хатарҳо ба сиҳати омма ва на фақат барои кӯдакон, балки хатар барои онҳое, ки бо кӯдакон дар иртибот ҳастанд ва ҳам дарки хатарҳо аз афзоиши вирус дар байни мардум. Мактабҳо набояд мисли як макони ҷудогона, балки як бахши умумии ҷомеа баррасӣ шаванд ва барои ҳамин хатари сироят дар мактабҳоро бояд дар миқёси васеъ шарҳ дод. Дар се ҳафтаи гузашта, мавридҳои илтиҳоби шуш ва мавридҳои собитшудаи COVID-19 андак зиёд шудааст.

Ҳамроҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ системаи мудирияти назорат бар COVID-19 роҳандозӣ шудааст. Мутобиқ ба он мутахассисони баргузидаи фаннии дохилӣ вазъи мавҷуди COVID-19 дар кишварро назорат мекунанд”.

Ӯ қайд кардааст, ки уарор дар бораи эмин боз кардани мактабҳоро мақомоти маҳаллӣ қабул карда, онҳо бояд меъёрҳои дохилӣ ва дигар дастуруламалҳоро дар бораи сиҳатии омма бо назардошти COVID-19 ба инобат бигиранд ва СҶТ омода аст, ки ба мақомот дар мутобиқ кардани меъёрҳо ба вазъи хос дар Тоҷикистон кумак расонад.

Ба қавли Бахтигул Карриева, арзёбиҳо дар бораи озмоишгоҳҳои мавҷуди ташхиси COVID-19 ва ҳамчунин озмоишгоҳҳои эҳтимолии нав дар кишвар анҷом шуда, системаҳои озмоишии COVID-19 ва таҷҳизот аз тарафи ҳукумат, донорҳо ва шарикон тақсим карда шуданд, лекин бинобар норасоии маводи лабораторӣ, ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ бо мушкили камбуди ин мавод рӯ ба рӯ ҳастанд.

Намояндаи доимии СҶТ изҳор доштааст, ки ҳамагуна тасмим барои баргузории маъракаи оммавии барномарезишуда, масалан интихобот бояд дар асоси арзёбии дақиқи хатарҳои мавҷуд ва тарзи мудирияти онҳо сурат гирад.

“Дар ин арзёбӣ бояд ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва созмондиҳандагони маърака, аз ҷумла мақомоти тандурустӣ иштирок кунанд. Онҳо метавонанд хуб ташхис диҳанд, ки мизони “стресс” ба низоми тандурустии маҳаллӣ ва хадамоти ёрии таъҷилӣ чӣ гуна аст. Ва инки оё ин сатҳи “стресс” дар вазъияти ҳозира қобили қабул аст, ё не”, - иброз доштааст ӯ.

Карриева гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, интихоботро баргузор кунанд ва бисёр муҳим аст, ки шустани дастон ва риояи фосилаи ҷисмонӣ, инчунин истифода аз ниқоби тиббӣ таблиғ шавад.

Ба гуфтаи номбурда, сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст.

“Бино ба омори COVID-19, ки ба СҶТ гузориш шудаст, Тоҷикистон дар моҳи май аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи сирояти беморӣ хабар додааст. Ин омор баъдан аз моҳи июн кам шудааст. Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар моҳи гузашта рӯзона дар бораи 30-40 мавриди сирояти беморӣ гузориш додааст. Сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст, то аз шахсони осебпазир ва низоми беҳдоштӣ муҳофизат шавад”, - маълумот додааст Карриева.

Тибқи маълумоти омори расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ афзоиши начандон зиёди мавридҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба мушоҳида мерасад. Агар моҳи август дар як шабонарӯз 30-32 ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта мешуд, пас чанд рӯзи охир ин рақам ба 40-42 ҳолат расидааст.

Сурат аз сомонаи covid.tj

То шоми 17 сентябр теъдоди умумии сироятёфтагон аз коронавирус 9 ҳазору 214 нафарро ташкил медиҳад. Шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави сироятёбӣ сабт шудааст. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ бетағйир - 73 кас боқӣ мемонад. Шумори умумии шифоёфтагон аз оғози пандемия ба 8 ҳазор нафар (то имрӯз 7 ҳазору 988 нафар) наздик мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.