Муфаттиши қазияи лату кӯби хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) муҳлати тафтиши пешакии қазияро ба далели мушаххас нашудани шахсони гумонбар қатъ кард. Дар ин бора “Маркази мустақили ҳуқуқи инсон”, ниҳоде, ки ҳимояи ҳуқуқии рӯзноманигорро ба дӯш дошт, хабар медиҳад.

Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, ки “аз аввал медонист, ки шахсияти ин ҳамлаварон муайян намешавад ва парванда дар нимароҳ мемонад. Зеро то ин вақт қазияҳои зиёди лату кӯби хабарнигороон нокушода боқӣ монда буд”.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ шаби 11 май дар наздикиҳои бозори “Корвон” аз сӯйи ду нафар шахси номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Ин ҳамлаи нахустин ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ буд ва баъдан ин рӯзноманигор 29-уми май дар ноҳияи Хуросон, замоне, ки мехост доир ба вазъи селзадагони ин ноҳия гузориш омода кунад аз сӯйи се нафари дигар лату кӯб шуд.

Абдулло Ғурбатӣ баъди қазияи лату кӯб дар назди бозори “Корвон” ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат ва ҳамчунин доир ба ин қазия дар саҳфаи фейсбукияш хабар дода буд. Он замон Ғурбатӣ гуфта буд, ки ман комилан ба ин боварам, ки ин ҳамла ба фаъолияти касбии ман рабт дорад.

14 май  торнамои ВКД иттилоъ дода буд, ки бар пайи ин ҳодиса бар асоси моддаи “авбошӣ” парванда кушода шудааст ва худи Ғурбатиро “ҷабрдида” эътироф намуда буд. ВКД он замон гуфта буд, ки ин қазия зери назари шахсии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қарор дорад.

Бар пайи қазияи дувуми лату кӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросон додгоҳи ин ноҳия се нафарро барои вайрон кардани муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷрим шинохт ва ҳар кадомеро ба андозаи 580 сомонӣ ҷарима баст. Вале шахсони ҳамлавар дар қазияи аввал ҳамоно номаълум боқӣ мондаанд.

Қазияҳои лату кӯби рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз қазияҳои пурсарусадое буданд, ки чандин созмонҳои байналмилалӣ низ аз мақомоти Тоҷикистон тафтиш ва баҳогузории мунсифонаи ин қазияро дархост намуда, хостори ба муҷозот кашидани омилони қазия шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.