Арабистони Саудӣ барои анҷом додани маросими Ҳаҷҷи умра иҷоза додааст. Дар ин бора дар як иттилоияи оҷилии вазорати дохилаи ин кишвар, ки дар расонаҳо нашр шудааст, хабар дод. Сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшини Муқим ҳам ин хабарро дар саҳфаи фейсбуки худ ба иштирок гузоштааст. Ҳоло маълум нест, ки ин тасмим ба маросими аслии Ҳаҷҷ ё ба таъбири маъмул Ҳаҷҷи фарзӣ низ марбут аст ё не. Дар иттилоияи вазорати дохилаи Саудӣ дар ин мавриди чизе гуфта нашудааст.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар барои аз сар гирифтани ташкили Ҳаҷҷи умра санадеро ба тасвиб расонидааст, ки раванди иҷрои он аз чанд марҳила иборат мебошад. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имкон доранд аз 1-уми ноябри имсол ин маросимро ба ҷо биоранд.
Дар марҳилаи аввал барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ иҷоза шудааст, ки шурӯъ аз рӯзи якшанбе, 17-уми моҳи сафари соли 1442 ҳ., мутобиқ ба 4-уми октябри соли 2020 (6 ҳазор нафар дар як рӯз, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ) то 18-уми октябри соли 2020 маросимро адо кунанд.
Дар марҳилаи дувум барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ шурӯъ аз рӯзи 18-уми октябри соли 2020 (15 ҳазор умракунанда ва 40 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то 01-11-2020 иҷоза дода шудааст.
Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистонимкон доранд ҳамроҳ бо шаҳрвандони Арабистони Саудӣ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2020 (20 ҳазор нафар умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то ба охир расидани хатари бемории сироятии "КОВИД-19" ин маросими барои мусалмонон муқаддасро анҷом диҳанд.
Афшини Муқим дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки шарту шароити умракунандагони тоҷикро Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз каронавирус дар Тоҷикистон бо ширкатҳое, ки сафари умраи зоирини тоҷикро созмондеҳӣ мекунанд, мушаххас хоҳанд кард.
Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.
Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ дода буд, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар Twitter навиштааст, ки “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз ал-Масҷид ан-Набавӣ (Масҷиди Паёмбар) муваққатан боздошта шуд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста