Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, ки рӯзи 23 сентябр доир гардид, ба сокинони пойтахт муроҷиат намуда, як қатор пешниҳоду дастурҳо дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.
Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт дар бораи омодагии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 шунида шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор кард, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдорӣ ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо, саривақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо вазифадор шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Ҳушёрхонаи тиббӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад: ҷараёни қабул ва ёрӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста