Волидайн кӯшиш мекунанд бо маҳдуд намудани дастрасии кӯдакон ба телефону компютер, онҳоро аз таъсири манфии иттилоот дар интернет муҳофизат намоянд. Аммо бояд донист, ки ин роҳи ҳал нест чун фарзандони Шумо бо роҳҳои дигар ба иттилоот дастрасӣ пайдо карда метавонанд.
Роҳи беҳтарини муҳофизати фарзандон аз иттилои нодуруст, ин ба онҳо фаҳмондани чӣ будани иттилооти бардурӯғ ё “фейкӣ” ва фарқ намудани чунин маълумот дар уқёнуси маълумот аст.
Фарқ байни далел ва фикр (ақида) дар чист?
Далелҳо маълумоти дақиқе мебошанд, ки воқеан рух додаанд ё аз ҷиҳати илмӣ исбот шудаанд. Фикр ин шарҳи вазъият аз нуқтаи назар ва фаҳмиши шахси дигар мебошад. Фикр метавонад на ҳамеша дуруст бошад. Шахсе, ки ақидаашро мегӯяд, метавонад вазъро нодуруст фаҳмад ё дидаву дониста онро хато шарҳ диҳад.
Хабари “фейкӣ” чист ва чаро одамон онро эҷод мекунанд?
Хабарҳои бардурӯғ ё “фейкӣ” – иттилои дурӯғи қасдан сохташуда аст. Қаллобон бо мақсади ба даст овардани пул бо роҳи фиреб, маҷбуркунӣ барои харидани ягон маҳсулот ва овоз додан ба ягон сиёсатмадор, хабарҳои бардурӯғро эҷод мекунанд. Баъзе нафарон барои масхара кардани дӯстонашон хабарҳои қалбакӣ месозанд. Аз ин рӯ, ҳамеша муҳим аст, ки иттилоотро аз сарчашмаҳои гуногун тафтиш намоед.
Хабарҳои “фейкӣ” - ро чӣ тавр метавон муайян кард?
Ҳангоми гирифтани ҳар маълумот аз худ пурсед: муаллиф чӣ мегӯяд? Расонаҳои дигар дар ин бора чӣ менависанд? Оё онҳо низ ин воқеаро шарҳ медиҳанд, оё хабар ё маълумот аз ҳам фарқ доранд?
Эҳсосот. Хабари хондаатон дар Шумо чӣ эҳсосотро ба вуҷуд овард?
Хабарҳои “фейкӣ” аксар вақт ба эҳсосот тавре таъсир мерасонанд, ки шумо мехоҳед онҳоро хонед ва ба дигарон тақсим намоед. Вақте хабар шуморо ба эҳсосот меорад, эҳтиёткор бошед ва фонро тақсим накунед. Сархати болоиро бори дигар мутолиа намоед.
Тасвирҳо
Бисёр вақт эҷодкорони хабарҳои “фейкӣ” бо истифода аз тасвирҳо бо эҳсосоти Шумо бозӣ мекунанд. Санҷед, ки оё тасвир бо матн мувофиқат мекунад? Тавассути Google Images аксро санҷед, ки оё он аз худи муаллиф аст ё аз хабару ҳодисаи дигар гирифта шудааст.
Манбаи иттилоот
Муаллифи мавод кист? Оё муаллиф номи коршиносеро, ки аз ӯ иқтибос меорад навиштааст ё не? Тафтиш кунед, ки оё дар ҳақиқат ин гуна коршиноси соҳа вуҷуд дорад ё не.
Сарчашмаи эътимодбахш?
Ҳатто агар дӯстон ё шахсиятҳои маъруф хабарро дар саҳфаи худ нашр карда бошанд ҳам, ҳатман онро дубора санҷед. Шояд онҳое надониста хабари “фейкӣ” - ро паҳн карда бошанд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста